@kyle.broflovski8756: #southpark #foryou #fy #fyp #southparkfandom #kylebroflovski #kennymccormick #stanmarsh #ericcartman

♒︎ Kyle Broflovski ꧂
♒︎ Kyle Broflovski ꧂
Open In TikTok:
Region: FR
Saturday 10 August 2024 10:15:42 GMT
306
73
3
2

Music

Download

Comments

cornflake991
cornflake991 :
silly kiwi (The silly kiwi club might spare you 🥝🥰)
2024-08-10 11:01:34
2
idk_stella96
🎒🌉/ ☆ S͙T͙E͙L͙L͙A͙ ★ / 💭🏝 :
I also get high on life 😁
2024-08-21 15:59:45
1
To see more videos from user @kyle.broflovski8756, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат зан-модарро рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар номиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашнро нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату роҳбарияти кишвар нисбат ба модарону бонувони азиз маънидод намуданд. Аснои суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бузургии модар, мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ андешаронӣ намуда, нақши модари тоҷикро дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибҳунар, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд унвон карданд. Таъкид гардид, ки модарону бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. “Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад”-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар зимни суханронӣ дастгирию ғамхорӣ ва тадбирҳои созандаи баланд бардоштани мақоми занонро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи Роғун ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар махсус таъкид карда шуд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки “мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем”.

About