@radioiozodi_official: Як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, дар шаҳраки Шарораи Ҳисор афтодааст. Ин минтақа дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ҳодиса рӯзи 3-юми декабр дар кӯчаи ба номи Карим Девонаи шаҳраки Шарора, дар наздикии минтақаи аҳолинишин, рӯй дод. Сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "ягон кас ва ягон хона зарар надид". Ба нақли онҳо, ҳавопаймо ба симчӯби барқ бархӯрда, ба замин задааст. Дар наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, алангаи оташ дар ҷойи ҳодиса намоён аст. Маъмурони пулису низомиён гирди ҷойи ҳодисаро ҳалқа гирифтаанд. Нозирони роҳ дар шаҳраки Шарораи Ҳисор тасдиқ карданд, ки "дар фосилаи тақрибан 1 ё 2 километр як паҳпод суқут кардааст ва онро бор мекунанд". Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар канори шаҳри Душанбе ва дар ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон аст. Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти вазорат муроҷиат кард, аммо то ин лаҳза посух нагирифт.#ozodisocial #Озодӣ #Тоҷикистон
Радиои Озодӣ
Region: TJ
Tuesday 03 December 2024 10:54:47 GMT
Music
Download
Comments
Kabir☝️☝️☝️ :
точик парида натонист
2024-12-03 11:17:42
18
☪️MOMENTO MORN☪️ :
мега да точикистон задай ними чахона кафондай 🤣🤣🤣
2024-12-03 19:08:45
7
Aryan.01 :
Макомоти Точикистон шарх намедихад шумо пас ки хастед ки ин гуна чизхои дахшатнокро ба мардум нишон медихед?
2024-12-03 13:48:58
5
☝🏻Allah💖 Bana💖 yeter الله☝? :
е рут сафед мега задай нимичахона кариб кафондай 🤣🤣🤣🤣🤣🤣🤣
2024-12-03 11:34:16
12
dil_ :
самалет Ки напара ба мачбурай точик бояд хдш бпара 😅
2024-12-03 13:32:48
9
ШИКОРЧИ @.87 :
и самалот кур бдай чи.бгирен.металаломш.барен.ҳайвуна
2024-12-03 16:29:11
7
_huseinjan_11 :
Бачохои азиз самалёт кариб ними чахона кафондай🤣🤣🤣🤣
2024-12-03 15:20:35
5
Meryem :
😅😅😅ними чахона кафондай 😂😂😂
2024-12-03 13:32:36
5
To see more videos from user @radioiozodi_official, please go to the Tikwm
homepage.