@baktiyar_rahmaniyan: «САЛОМ, БО МИЁМ!» КӢ ПЕШИ РОҲИ ШИРИНРО БОЯД ГИРАД? «Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам...» Билохира, Ширинҷони мо шакли комили ин таронаи орӣ аз маънии худро ҳамагонӣ кард. Эй кош, ҳаргиз ин корро намекарду моро ба дарди сар намеандохт! Вақте порае аз ин суруд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Instagram, ба унвони таблиғи “таронаи нав” нашр гардид, мо умед доштем, ки шояд шакли комили он ҳаргиз рӯйи нашрро набинад. Орзу мекардем сарнавишт нагузорад, ки бо бозорӣ шудани ин ба ном тарона ба сабади таронаҳои эстрадии тоҷикӣ боз як себтаронаи пӯсидаву кирмхӯрда илова нашавад. Аммо афсӯс, ки чунин нашуд. Ширин кори худро кард. Ширин коми моро талх намуд. Забонам намегардад, ки матни таронаро бихонам...Вале барои исботи гуфтаҳо маҷбурам, ки чанд сатре аз онро қироат кунам: Салом, Бо миём, Накунӣ бо яке раҳом. Майда бимон қадам, биё, Ҳарҷо, ки рафтам ай қафом. Бгӯ читарӣ, Дил мебарӣ. Ба буданат мерсӣ, Хурсандим ай дарунай, Ту дар гапт местӣ, Орзуҳом калонай. Ай чашмакот маълумай, Бе гапу бе баҳона, Ту худакт медонӣ чӣ бкнӣ ба хости ҳамин замона, Ҳарду бо ҳамем, Хеле бардамем. Ҳолам бо ту, ту ба ҳолам, Ҳарду ҳамдамем. Чӣ ҳарзаҳое....Чӣ калимоти подарҳавое....Як одами фарҳангии воқеӣ бо шунидани ин тарона намедонад, ки сарашро ба куҷо занад...Сад войу ҳазор вой....Фазои эстрадаи тоҷик, ки имрӯзҳо пур аз таронаҳои орӣ аз маънӣ, кӯчагӣ ва бидуни арзиши шеърист боз ҳам олуда шуд. Гӯё дигар дар ин ҳаво имкони нафас кашидан вуҷуд надорад.Охир дар шеър ё таронаи касбӣ ҳатман бояд тасвир, андеша, эҳсоси амиқ ё ҳадди ақал як бунёди мантиқии баён вуҷуд дошта бошад. Аммо дар ин матн аксари ҷумлаҳо танҳо барои пур кардани вазн ва оҳанг истифода шудаанд. Масалан: «Ба буданат мерсӣ» ё «Ту дар гапт местӣ». Шунаванда намефаҳмад, ки “ба буданат мерсӣ” чӣ маъно дорад: оё ситоиши ҳузури шахс аст ё танҳо ибораи тасодуфӣ? Албатта, истифодаи забони оммавӣ дар корҳои ҳунарӣ айб несту ишколе надорад, аммо вақте тамоми матн бар пояи ибораҳои сода ва кӯчагӣ сохта мешавад, арзиши бадеии тарона коҳиш меёбад. Дигар ин, ки дар тарона ягон образ ё тасвири тоза вуҷуд надорад. Мо намебинем, ки шоир барои тавсифи муҳаббат аз ташбеҳ, рамз ё тахайюлоти бадеӣ истифода карда бошад. Ҳама чиз мустақим, сода ва такрорист. Муҳаббат дар ин ҷо танҳо бо чанд ҷумлаи маъмулӣ ифода шудааст. Дар маҷмӯъ, ин ба ном тарона намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна дар баъзе корҳои гӯё ҳунарӣ матн қурбони “замонавӣ будан” мешавад. Суруд шунида мешавад, аммо баъд аз чанд рӯз аз хотирҳо меравад, зеро дар он на сухани мондагор ҳасту на ибрози эҳсосоти амиқ.@radiofarhang
NAVOSANJ
Region: TJ
Wednesday 20 May 2026 10:26:38 GMT
Music
Download
Comments
Stela :
воалекум салом . куҷо омади гҳхри омади
2026-05-20 18:46:06
8
Сабр :
Рахмат ака перевод кати чан руз щид гуш кардостам нафамидм Чи хонд
2026-05-21 09:52:47
1
жизнь полно сюрпризов :
ин Чи беакли АСТ
2026-05-21 14:09:14
1
приходи проиграть :
воалекм салом ку бие кай мией
2026-05-21 12:18:08
0
🗽ARSENKA_YT :
Ва алейкум ассалом 🌸 Рахмат барои перевод некем ма ягончи нафахмидм 😹
2026-05-23 21:09:53
0
Имрончон Давлатзода :
2026-05-21 09:05:09
0
исмоилчон 004 :
да орзуҳош
2026-05-24 04:28:34
0
💔💔💔💔💔 :
2026-05-22 07:48:41
1
Samo :
Зӯр хондай бахудо ба пеш
2026-05-20 15:44:47
10
Саидқадами Хуросонй :
Чи гӯям ки, сухан ҳайф аст!
2026-05-20 14:55:05
6
💔 :
матнаш аз кист??
2026-05-20 13:13:31
1
Gladiator_ Kulyab :
ака тамоми форсзабонҳо моро масхара мекунанд. Ин аблаҳ фарҳанги тоҷикро коста гардонидааст.
2026-05-23 18:16:01
1
𝐀.𝐋.𝐈 :
Дафшае
2026-05-24 11:21:28
1
айишамох :
шармандаги
2026-05-21 01:43:13
3
Niso Nurova :
ба чокардай байдш 100 фойизай мерси та санойи рахмат мешава ай чизера маноша намефахмен пастш назанен ай
2026-05-22 14:12:29
1
айишамох :
Тоба чимега
2026-05-21 01:42:44
2
Ишки Аллох :
Ширин кияй бо??
2026-05-23 04:52:59
1
user55181806388444 :
Бе маьне
2026-05-21 03:45:13
2
nuri91 :
эҳааа итарам мешидаст дия
2026-05-20 11:28:44
1
mahmudjon643 :
Охири Замонай
2026-05-21 07:51:13
1
user1371978007548 :
як беакли
2026-05-21 04:16:02
1
Эмомализода Муслимчон :
биё туф када шиштам
2026-06-11 10:53:58
0
user6690093684499 :
матн аз худаш сарояндаш хам худаш
2026-05-21 07:32:54
0
To see more videos from user @baktiyar_rahmaniyan, please go to the Tikwm
homepage.