@asiaplustj_: #Соҳибҷашн Одина Ҳошим, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, агар умр вафо мекард, 89-сола мешуд. Ӯ аз ҳофизоне буд, ки дар синни ҷавонӣ ном пайдо кард ва шӯҳрати ӯ дар мамолики форсизабон вирди забон шуд. Ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст ва матнҳои пурмазмунро бо сабки ба худ хос месуруд. Ҳар як сурудаш паёме дошт ва ӯ талош мекард он ба шунаванда бирасад. Одина Ҳошим дар чаҳорчӯби сензураи шӯравӣ намегунҷид ва ин мушкилоти зиёдро пеш меовард. Барои сурудҳои ирфониаш борҳо ба мақомоти амниятӣ даъват шудаву ҳушдор гирифта буд. Боре ӯро иҷборан ба беморхонаи рӯҳӣ низ бурданд. Ин фишорҳо ба рӯҳияи ӯ бетаъсир намонд, аммо ӯ боз ҳам ҳарфи дилашро мегуфт ва ҳеҷ гоҳ сари волои худро назди ҳеҷ як мансабдору қумандони замон хам накард. Мисле ки бо виқор месуруд, ҳамон тавр бо виқор зиндагӣ кард. 30 соле, ки дар театр кор кард, шогирдони зиёд парварид ва мактабе бунёд кардаву аз худ боқӣ гузошт. Ӯ аз ҳофизони мардумитарин буд. Дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёти халкаш паҳлӯи онҳо буд ва барои мардумаш суруду бо онҳо болиду гирист. Ва ҳамин дарди халқаш, ки дар оташи ҷанг месӯхт, қалби ӯро аз тапидан боздошт. Одина Ҳошим 16 ноябри соли 1993 даргузашт ва ҷасади ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд. Ёду хотири марди ҳунар, Одина Ҳошим гиромӣ бод!
asiaplustj
Region: TJ
Saturday 13 June 2026 05:16:37 GMT
Music
Download
Comments
user6243272388075 :
Бехтарин ❤️👍хуб мешуд бо харфи ниегон ва Англии низ навишта пешка мекардед
2026-06-13 07:34:57
0
Мухаммад Холмуродов :
бехтарин.устоди.хунарманди.точик.худован
рахматумагфираткунашон
2026-06-13 06:59:43
0
Muhammad Jononov :
бехтарин инсонхо худо Рахмату магфираташон кунад омин
2026-06-13 06:54:56
0
абвгд :
Одина Хошим бехтарин хофиз
2026-06-13 05:55:57
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm
homepage.