@advocat_sr: Тақсими манзили истиқоматӣ пас аз бекор кардани ақди никоҳ: қонун ва воқеият. ⚖️ Бисёр вақт ҳангоми ҷудошавии ҳамсарон баҳси асосӣ дар атрофи манзили истиқоматӣ мегузарад. Яке аз тарафҳо талаб мекунад, ки хона ба вай ё фарзандон монад, тарафи дигар эътироз мекунад. Аммо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо бе эҳсосот ва дақиқ танзим кардааст. Қонунгузорӣ якчанд шартҳои асосиро муайян мекунад: 1️⃣ Танҳо ақди никоҳе, ки дар мақомоти САҲШ бақайдгирии давлатӣ гирифтааст, оқибатҳои ҳуқуқӣ дорад. 2️⃣ Мувофиқи моддаи 34 Кодекси оила, молу мулке, ки ҳамсарон дар давраи никоҳ ба даст овардаанд, моликияти муштараки онҳо ҳисоб шуда, ҳиссаҳои ҳамсарон баробар дониста мешаванд. 3️⃣ Мувофиқи моддаи 36 ва 39, моликияти шахсии ҳар яке аз ҳамсарон тақсим намешавад, аммо суд ҳуқуқ дорад ҳиссаи ҳамсареро, ки фарзандони ноболиғ бо ӯ мемонанд, аз ҳисоби моликияти муштарак зиёд кунад. Дар амалиёти судӣ ҳар як ҳолат нозукиҳои худро дорад ва аксаран пас аз бекор кардани ақди никоҳ ба ҷои тақсими худи манзил, ҷуброни пулӣ муайян карда мешавад. 💬 Баҳси ҳамешагӣ: Аз як тараф, қонун ҳуқуқи ҳарду ҳамсарро баробар ҳимоя мекунад ва дахлнопазирии моликияти шахсиро нигоҳ медорад. Аз тарафи дигар, дар ҷомеа бисёр вақт чунин фикр мавҷуд аст, ки пас аз талоқ мард бояд мардӣ карда, манзилро пурра ба зану фарзандон монад. Ба назари шумо, пас аз бекор кардани ақди никоҳ, чихеле, ки бисёр занхо мегуйянд: мард бояд аз рӯи инсофу мардӣ ҳамаи амволро ба зану фарзандон монад ё ҳама чиз бояд қатъиян баробар ва танҳо дар асоси қонун тақсим карда шавад? Фикри худро дар коментария нависед. #адвокат_тоҷикистон #ҳуқуқшинос #тақсими_молумулк #кодекси_оила #бекор_кардани_ақди_никоҳ
advocat_sr
Region: TJ
Saturday 13 June 2026 22:22:30 GMT
Music
Download
Comments
Tj &&&&& :
И қонун ҳо ягон кор намеоя дар Тоҷикистон толка дар қоғаз навишта шудаги тамом
2026-06-14 03:29:57
3
Salimjon8988 :
Ассалому алайкум бародари азиз номерои тел тиен
2026-06-14 06:13:00
1
❤️БЕНОМАК❤️💜🤍💗 :
никох нес
2026-06-13 22:59:49
1
Зиндаги Талх :
салом акачон ман метавонам хона гирам
2026-06-14 03:42:46
1
user5237451534586 :
Ассалому алейкум ман як занро мешиносам бо сефарзанд дар куча мондаанд шавҳараш бошад бо машуқааш дар хонаи онҳо аммо он зан зану шавҳари қонуни ҳаста
2026-06-14 05:47:59
1
user2741377739423 :
асалому алайкум ман метавонам хона гирам а шавхарам
2026-06-14 01:43:08
0
Рахмонов Азаматжон ва Бунёдбек :
салом
2026-06-14 05:04:13
0
парвина :
салом мард метавонад бе зан за аксро бе кор кунад
2026-06-14 04:28:25
1
Ismoil 🏍️ :
не
2026-06-14 03:34:14
0
Абу Сидов :
мошоллох бехтарин акачон
2026-06-14 03:06:52
0
Амина :
салом Алейкум хамаи чизо да Зан гудак Мона бафикрум и бехтарай
2026-06-14 03:42:50
0
isroilzadee.m🥀 :
ма закс дорм метонм хона гирм
2026-06-14 04:59:06
0
Abdulboqi :
салом Акочон аз шумо пурсам Агар зан мачбур, кунад, ки Манро, Сар, те шавхар Сар дод инро, айби,ки дониста ме шавад илтимос, Акочон Хамина, фахмонед
2026-06-14 04:24:53
0
💔💔dili shikasta💔💔 :
Салом акачон ман сефарзандро худа нигох мекунм неким судам тарафдориман не алиментимаро зияоднамекнан чавотен баман илтимос
2026-06-14 04:01:39
0
Ali :
салом ман модари 4 фарзанд шавхарам гузашта шудас додраш хонохоша гирифтас ёйо ман хак дорам шикоят кунам хаки фарзандома гирам илтимос чавоб медодед
2026-06-14 03:05:10
2
парвина :
никох хаст
2026-06-14 04:56:12
0
Давлатов нусрат давлатов нусра :
чибояд кард илтимос маслиҳод диҳед
2026-06-14 02:31:04
0
PASTEL.TJ :
салом агар занак хиёнат кна боз.метавона.алмент талаб кна кудакоя шавхарша меша тия
2026-06-14 03:14:48
0
Худоë сабрам дех :
мисли падари бачаи ман
2026-06-14 05:04:03
0
Salomat Zaripova :
Салом агар ҳадя бад аз ақди никоҳ бошад он вақт тақсим карда мешавад е инки не
2026-06-14 04:04:27
0
марьям :
главни хушбахт боши баьди чудо шуди Аму хонаву дарам дигар шумуд мешавад главни хушбахти фарзандо дар Пеши Падар калон шаванд
2026-06-14 06:39:52
0
Давлатов нусрат давлатов нусра :
асаалом ман чор фарзандорам никоҳи қонуи доштам амо расярафмаҷбуркад бопадараш маро аз закус ҷудокад ман гуражданин мекунум амо хӣонат кад амо маро
2026-06-14 02:30:07
0
❤️БЕНОМАК❤️💜🤍💗 :
🫡
2026-06-13 22:59:38
1
QAHRAMON🇹🇯+🇰🇷 :
👍👍👍
2026-06-13 23:22:31
1
To see more videos from user @advocat_sr, please go to the Tikwm
homepage.