@asiaplustj_: ‼️Шуруъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар таърифаҳо барои хидматрасонии кашонидани партов барои аҳолӣ то 30% ва барои корхонаҳо то 50% қимат мешавад. Дар ин бора, қарорҳои алоҳидаи раисони ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ ба имзо расида, дар саҳифаҳои расмии ин ноҳияҳо дар “Фейсбук” дастрас аст. Арзиши хидматрасониҳои партовкашонӣ дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанберо дар тасвирбаёни мо бинед. Масъулин мегӯянд, зери мафҳуми ҳавлиҳои нообод, хонаҳоеро дар назар доранд, ки таъмири хуб надошта, сокинонаш шароити зисти беҳтарро надоранд. Бояд гуфт, ки партовкашонӣ танҳо дар 14 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши кашонидани партов, барои як метри мукааб 58,08 сомонӣ мебошад. Меъёри партофтани партов дар як сол барои як нафар 2,05 метри мукааб муқаррар шудааст. Ба ин тартиб, маблағи солонаи бурдани партов барои як нафар тақрибан 119 сомониро ташкил медиҳад. Қаблан, Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон хабар дода буд, ки аз 1-уми январи имсол дар Тоҷикистон таърифаҳо барои оби нӯшокӣ, кашонидани партов ва дигар намуди хидматрасониҳои коммуналӣ барои аҳолӣ 15% ва барои корхонаҳо 30% гарон шуда буд. Масъулин бозбинӣ намудани таърифаҳоро “ба баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои коммуналӣ, навсозии инфрасохтори муҳандисӣ ва таъмини фаъолияти устувори корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ” рабт дода буданд.
asiaplustj
Region: TJ
Thursday 25 June 2026 12:50:17 GMT
Music
Download
Comments
insof1999 :
Дар бозори мо дар як мох дар яг магоза 300 мегиран 🤔
2026-06-25 13:21:48
0
user7614763317373 :
😳😳
2026-06-25 19:00:55
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm
homepage.