@sugd_info: Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Суғд Имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, сокинони вилоятро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфт. Таъкид гардид, ки бо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба даст омада, он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ гардид, барои таҳкими пояҳои истиқлол, эҳёи иқтисод, пешрафти иҷтимоӣ ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овард. Раиси вилоят бо истинод ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ имрӯз ба яке аз арзишҳои муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аҳамияти вижа дошта, ҳамаи шаҳрвандонро ба меҳнати созанда, таҳкими ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят менамояд. Дар ҳамоиш ҳамчунин аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, истиқбол карда шуд. Таъкид шуд, ки ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Қайд гардид, ки қабули чунин ташаббус дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дошта, бори дигар собит месозад, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар анҷоми ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сокинони вилоятро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои истиқлол ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуда, ба ҳар як хонадон сулҳу осоиш, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу кард. Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф пешниҳоди иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

Sugd info 🇹🇯
Sugd info 🇹🇯
Open In TikTok:
Region: TJ
Friday 26 June 2026 17:24:31 GMT
2631
25
1
4

Music

Download

Comments

user5977271618106
user5977271618106 :
Ба хамаватон муборак бошад
2026-06-27 01:26:00
1
To see more videos from user @sugd_info, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About