@baktiyar_rahmaniyan: ЁДАШОН ГИРОМӢ БОД! 2 июли соли 1929 мавлуди Хайрӣ Назарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ Хайрӣ Назарова яке аз ҳунармандони саршиноси замони шӯравии тоҷик буда, фаъолияти худро ба ҳайси сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) шурӯъ намудааст. Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст. Ӯ дар аксар намоишномаҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақши Зўҳро дар намоишномаи “Тоҳир ва Зӯҳро”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Райҳон дар “Арўси панҷсўма”, Савсан дар “Номус”, Ширин дар “Афсонаи ишқ”, Қумрӣ дар “Дил-дили Зайнаб”, Ҷамила дар “Бой ва хизматгор”, Нигина дар “Рўдакӣ”, Манижа дар “Бежан ва Манижа”, Соттӣ дар “Исёни арўсон” ва ғайра нақш офаридааст. Ҳамчунин, дар намоишномаҳои театрии “Ромео ва Ҷулетта”, “Шоҳ Лир”, “Отелло”-и У. Шекспир ба ҳайси ҳунарпеша ширкат кардааст. Хайрӣ Назарова 10-уми майи соли 2020 дар 90-солагӣ даргузашт. Азия плюс
NAVOSANJ
Region: TJ
Thursday 02 July 2026 02:52:36 GMT
Music
Download
Comments
Matluba Mutalova :
Бехтарин актриса буданд чояшон чанат бошад омин .
2026-07-02 03:23:51
1
To see more videos from user @baktiyar_rahmaniyan, please go to the Tikwm
homepage.