@hamsadonews: 🔵 Дар садамаи маргбори Ваҳдат 11 нафар ҷон бохтанд Субҳи 2 июл, тахминан соати 6:30, дар километри 32-юми шоҳроҳи Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мошини боркаши тамғаи «Дулан» бинобар аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт аввал бо автомашинаи «Опел Зафира» ва сипас бо «Тойота Прадо» бархӯрд кардааст. Дар натиҷаи садама ронандаи мошини боркаш, ронандаи «Тойота Прадо» ва 9 мусофири автомашинаҳои «Опел Зафира» ва «Тойота Прадо» ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст, ки бо супориши вазир муовини якуми вазир ва як гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳри Ваҳдат сафар карда, аз вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон боздид намудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, табобати осебдидагон таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат қарор дошта, ба табибони беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат тавсияҳои зарурӣ дода шудааст. Шумораи дақиқи ҷароҳатбардоштагон то ҳол расман эълон нашудааст. #Ваҳдат #Садама #ВКД #ВазоратиТандурустӣ #Тоҷикистон #Хабар

HamsadoNews
HamsadoNews
Open In TikTok:
Region: TJ
Thursday 02 July 2026 18:00:47 GMT
27282
153
7
60

Music

Download

Comments

orifahon_
Odinaeva :
Аллох рахмату махфират кунадашон ба наздиконашон сабри чамил дихад чигарам сухта гирифт додари Азизам
2026-07-03 07:34:50
1
fidain04pm
Sinan Fidain :
Тойота Прадо не беакл тойота ландкрузен 200
2026-07-03 09:27:41
0
sodipoyosliy
1234 :
Аллох рахмату магфиратшон кунад ин ша Аллах
2026-07-03 06:47:56
0
janatlo_1
Бачахаки_ танхойм _1 :
Аллох рахматшон кна хамаша зиндошда сабри чамил тия
2026-07-03 09:12:03
0
www.tiktok.tjkk
Али :
аграничени мондан даркор дуланистода
2026-07-02 18:14:59
1
masha75352
masha :
Алохи мехрубон нигахбонатон бошад мурдагона чошона чанатул фирдавси бигардона рухашона шод бигардона беморора шифои комилу очил насибшон бигардона илохи омин ё рабил оламина 🤲🤲😭😭
2026-07-03 04:29:05
0
user7318105734371
иннолиллохиваинноилайхирочиъун :
иннолиллох ва инно Илайхи рочиъун
2026-07-03 07:19:50
0
To see more videos from user @hamsadonews, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About