@z.1rd: #fyp - #like - #uk

ضرغام .
ضرغام .
Open In TikTok:
Region: SA
Saturday 04 July 2026 22:59:20 GMT
7063
516
2
106

Music

Download

Comments

su2f5
- :
الله الله 🤍
2026-07-17 11:15:08
1
jf.237
13 ★. :
👍🏻
2026-07-18 04:21:21
0
To see more videos from user @z.1rd, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

❗️Вазорати маориф бори дигар гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон дар мактабҳо манъ аст Дар нишасти Вазорати маориф, ки рӯзи 10-уми июл баргузор шуд, бори дигар масъалаи аз хонандагон ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо баҳс шуд. Ин бор ҳам дар ин ниҳод изҳор доштанд, ки ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон манъ аст.  Равшан Каримзода, муовини вазири маориф гуфт, тибқи моддаи 9-и қонун
❗️Вазорати маориф бори дигар гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон дар мактабҳо манъ аст Дар нишасти Вазорати маориф, ки рӯзи 10-уми июл баргузор шуд, бори дигар масъалаи аз хонандагон ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо баҳс шуд. Ин бор ҳам дар ин ниҳод изҳор доштанд, ки ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон манъ аст. Равшан Каримзода, муовини вазири маориф гуфт, тибқи моддаи 9-и қонун "Дар бораи мақоми омӯзгор", муаллим уҳдадор аст, ки “аз хонандагон барои таҳсил, таъмири мактаб, обуна ба нашрияҳо, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, имтиҳони аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм, театр, кино ва харидани лавозимоти таълимӣ, маблағ талаб накунад”. Ӯ афзуд, ки "дар низомномаи намунавии мактабҳо зикр шудааст, ки ҷамъоварии маблағ (аз донишомӯзон) куллан манъ аст". "Дар асоси низомнома ҳар як муассисаи таълимӣ оиннома дорад, ки сардорони Сарраёсат ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, тасдиқ мекунанд. Дар яке аз бандҳои он омадааст, ки барои корҳои хайру эҳсонкорӣ, танҳо аз ҷониби Кумитаи падару модарон дар суратҳисобҳои махсус (метавонанд пул) ҷамъ кунанд. Якҷоя падару модарон ҷамъ шуда, хоҳанд ҳоҷатхона созанд, ё синфхонаҳоро таъмир кунанд, ки ин корро танҳо Кумитаи падару модарон ҳуқуқ доранд. Вале ҷамъоварии маблағ куллан манъ аст, омӯзгор ё роҳбари муассиса ҳуқуқи маблағҷамъкуниро надоранд", - изҳор дошт муовини вазири маориф. Дар ҳамин ҳол, Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар сурати ба таври ғайриқонунӣ ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо, сокинон ба Вазорати маориф муроҷиат кунанд. Ӯ илова кард, ки дар сурати шикояти мушаххаси сокинон "гурӯҳи кории ин ниҳод ҳатман рафта инро (ҳолати ҷамъоварии маблағро) месанҷад". “Танҳо хоҳиш мекунам, касоне, ки менависанд, мушаххас гӯед, ки дар кадом мактаб ва аз сӯйи кӣ ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ сурат мегирад, мо ҳатман нисбаташ чораҷӯӣ мекунем", - гуфт Саидзода. Вазири маориф пештар низ гуфта буд, ҷамъ кардани маблағ дар мактабҳо манъ аст, "аммо тибқи низомномае, ки дар мактабҳо ҳаст, шахсони алоҳида ё ки эҳсонкор ҳуқуқи пешниҳоди маблағҳоро барои таъмир доранд". Вале бо ин вуҷуд ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад. Ҳамчунин, шикоятҳо аз талаби пули моҳона дар мактабҳо зуд-зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд.

About