Умед Зоиров :
Ало ё айюҳас-соқӣ, адир каъсан ва новилҳо,Ки ишқ аввал намуд осон, вале афтод мушкилҳо.Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо!Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дамҶарас фарёд медорад, ки «барбандед маҳмилҳо»?!Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳайл,Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо?Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо?Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,Мати тасриъу ман таҳво, даъид-дунё ва аҳмилҳо. Хофизи Шерози
2026-08-28 14:09:57