@asiaplustj_: ✅Натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишгоҳҳо 25-уми июл эълон ва маълум шуд, ки чӣ касоне дар ин марҳила донишҷӯ шудаанд. 📄Пас аз ин, Маркази миллии тестӣ (ММТ) гуфт, довталабоне, ки ба яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон гузаштаанд, бояд кадом ҳуҷҷатҳои заруриро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишгоҳҳо пешниҳод кунанд. Номи ин ҳуҷҷатҳоро дар акси дуюми мо бинед. 👀 🗓🏫 Ин ниҳод гуфтааст, ки довталабон бояд то рӯзи 5‑уми август бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули муассисаи дохилшудаашон муроҷиат кунанд. 🤝📬 Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, агар довталаб дар муҳлати муқарраргардида ҳозир шуда натавонад, бояд муассисаи таълимиро дар хусус огоҳ ва ҳуҷҷатҳояшро тавассути ягон намояндааш пешниҳод кунад. ⚠️📢 “Агар довталаб то 5-уми август ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул ба муассисаи таълимии роҳёфтааш пешниҳод накунад, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари сабти номи довталабон пешниҳод карда мешавад”, - таъкид кардааст ММТ.
asiaplustj
Region: TJ
Monday 27 July 2026 10:06:36 GMT
Music
Download
Comments
❤️❤️Ишки Комрон❤️❤️ :
дига дакумен супорда намеша успед накардамма
2026-07-27 15:50:03
0
. :
Оё хонандагони мактаб ба маршировка бурдан мумкин аст ? хохиш мекунем чавоб дихед
2026-07-27 10:30:37
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm
homepage.