@asiaplustj_: ⚡️Беш аз 2 ҳазор тоҷикистонӣ дар ним сол барои кор ба Британия рафтаанд Дар шаш моҳи аввали соли равон қариб 2200 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британия рафтаанд. Интизор меравад, дар оянда ин кишвар ҷалби коргарони мавсимиро аз Тоҷикистон афзоиш диҳад. Чанде пеш Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Кэтрин Смиттон, сафири Британия дар Душанбе ин масъаларо баррасӣ кардаанд. Ҷалби гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба корҳои мавсимӣ дар Британия аз соли 2020 оғоз шуда, тайи чанд соли охир ин кишвар дар миёни муҳоҷирон ба яке аз самтҳои серталаб табдил ёфтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо, аз ҷумла қулфинай ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд. Хароҷоти сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи довталабон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим мешавад. Ҳамчунин онҳо бояд забони англисиро дар сатҳи муошират донанд. Тафсилоти бештар дар сомонаи asiaplus.news. #Якхабар

asiaplustj
asiaplustj
Open In TikTok:
Region: TJ
Wednesday 05 August 2026 13:43:25 GMT
7044
64
2
2

Music

Download

Comments

johnsnow5233
сафар :
2026-08-05 14:23:04
0
poker8532
poker :
👍👍👍
2026-08-05 14:03:01
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About