🍃IDIBEK🍃 :
Сураи Исро ояти 32~Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва роҳе нописанд аст.36~Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил ҳамаро ба он бозхост кунанд.Сураи Нур ояти 29~ Ва Худо он чиро, ки ошкоро мекунед ва он чиро, ки пӯшида медоред, медонад.30~Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд; ин барои онҳо покизатар аст. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунанд, Хабардор аст.31~Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро (Яъне: мавзеъҳои зевар) ошкоро накунанд, магар он чи аз он мавзеъҳо зоҳир аст; (Яъне: рӯю ду каф) ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш;Сураи Сод ояти 82~Шайтон гуфт: «Қасам ба Иззати Ту, ки албатта, ҳамаи онҳоро якҷо гумроҳ кунам, 83~магар аз онҳо бандагони холиссохтаи Ту».84~Аллоҳ Фармуд: «Пас ин сухани рост аст ва сухани рост мегӯям: 85~албатта, дӯзахро аз туву касоне аз онон, ки пайравии ту кунанд ҳама якҷо пур кунам».Сураи Муҷодала ояти 6~Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунанд, ононро аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо корҳои онҳоро шумора кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест! 7~Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани махфӣ) кунанд, Худованд чаҳорумини онҳост ва панч кас бошанд, Худованд шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд, ва бештар аз ин. Худо бо онҳост. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунад. Зеро Худо бар ҳама чиз огоҳ аст!Сураи Ҳашр ояти 18~ Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардояш чӣ фиристодааст. Аз Худо битарсед, ки ҳаройна, Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Сураи Нозиъот ояти 37~Аммо касе, ки аз ҳад гузашта бошад; 38~ва зиндагонии инҷаҳониро баргузида бошад,39~пас, ҳамоно дӯзах ҷои ӯст.40~Ва аммо касе, ки аз истодан ба ҳузури Парвардигори хеш тарсида бошад ва нафсро аз шаҳват боздошта бошад,41~пас, ҳамоно биҳишт ҷои ӯст.
2026-08-19 09:44:15