@qamarahror: Таъйиноти кадрӣ: Роҳбарони панҷ идораи Мастчоҳ нав шуданд Бо фармону пешниҳоди якқатор вазирони кишвар роҳбарони идораҳои тандурустӣ, шуғл, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг дар ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуданд. Кадрҳои навтаъйиншударо дирӯз дар бинои ҳукумат, Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳ дар зимни баргузории ҷасала муаррифӣ кардааст. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ Фитрати Ҳикмат, сухангӯи раиси ноҳияи Мастчоҳ ба “Суғдиён - Медиа” хабар дод. Ин масъули ҳукумати Мастчоҳ тавзеҳ дод, ки дар пайи сурат гирифтани ин таъйинот дар мақоми мансабӣ кӣ ҷойи киро иваз кард. Таъйиноти сартатабиб ва мудири шӯъбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо фармони вазири тандурустӣ, роҳбарони мдораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шуғл бо фармонҳои вазирони меҳнат ва адлия сурат гирифтааст. Дар ин миён танҳо мудири идораи фарҳанг бо фармони раиси ноҳия ва он ҳам бо пешниҳоди вазири фарҳанг таъйин карда шудааст. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар расми муаррифӣ ба роҳбарони навтаъйиншуда хотиррасон шудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои мансабӣ масъулиятшинос бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва кор бо мардум саҳм гузоранд.

Qamar Ahror
Qamar Ahror
Open In TikTok:
Region: TJ
Friday 21 August 2026 19:26:30 GMT
21628
213
10
90

Music

Download

Comments

tonidja
Имя Фамиля :
Опчикори кай тақсим мешад главни ?
2026-08-22 03:50:25
5
user6706198171550
Бахтиёр Курбонов. Шахтёр :
Бехтарин ✊ куууу👍👍👍👍
2026-08-22 09:31:29
1
user5218202390471
дустмурод :
бехтарин.аком
2026-08-22 03:16:49
0
saidakbar746
SAID7700 :
Раиси навбахор алиш шуд
2026-08-22 02:58:25
0
user4441812705661
user4441812705661 :
Один хуй, ягон беҳбуди намешавад.
2026-08-22 09:41:13
0
user83003941581728
ягона :
😢😢😢
2026-08-21 20:51:03
0
To see more videos from user @qamarahror, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About