🍃IDIBEK🍃 :
Поко парвардигоро аввало барои ҳамаи хурду бузурги мо тани сиҳат, хотири ҷамъ, имони муҳаммадӣ (с) ва маърифати илоҳиро ато намо. Худоҷони мо барои мо дар кору ҳама амалҳои некамон барору баракат деҳ. Дар зиндагиамон кушоишҳо, дар касбу касабаҳоямон муваффақият, дар тиҷоратамон равнақ бидеҳ. Раҳдуронамонро наздик бигардону беморонамонро шифо бидеҳ. Муҳоҷиронамонро комёб ва дар роҳи мустақим раҳнамунашон бигардон. Дар он мулкҳои мардум сарфарозу шарафманд бисозашон. То дар пеши дусту душман сархам нашаванду сарбаланд бошанд. Беҳтарин амалҳоро насибашон бигардон. Инчунин аз даргоҳи тавоноият илтиҷо мекунем, ки барои ин мамлакати муҳоҷиронамон тинҷию амониро фароҳам биовар, ки ин қадар ҳаммиллатони мо дар он сарзамин кору фаъолият мекунанд. Барои миллати зебою номдори мо то он, ки ҳаёт боқӣ аст, сарбаландиро сазовор бидон. Ва оқибат ай Худои мо ва мавлои меҳрубони мо аҳли байти моро аз муқаррабони даргоҳат бигардон. Чашми дилу дидаи моро дар шинохти худат боз намою оқибати моро ба хайр бигардон, ки дар лаҳзаҳои сакаррот дар забонамон калимаи «Ло иллоҳа иллаллоҳ» равон гардад ва бандагии моро бо шафқат лаббайк бигуӣ. Эй Парвардигори ман, маро ва авлоди маро низ барподорандаи намоз бикун. Ва эй Парвардигори мо, дуъои маро қабул кун. Эй Парвардигори мо, рузе, ки ҳисоб қоим шавад, марову модару падари маро ва ҳамаи муъминонро биомурз. Омин
2026-08-27 08:55:10