@asiaplustj_: Андозбандии ҳамёнҳои электронӣ аз якуми сентябр ба таври озмоишӣ ба кор оғоз мекунад Андозбандии амалиётҳо тариқи ҳамёнҳои электронӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 пурра ба кор намедарояд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи сентябр, яъне пагоҳ аввал онро барои се моҳ дар реҷаи озмоишӣ фаъол мекунанд. Ба иттилои Бонки миллӣ, баъд аз анҷоми озмоиш ва арзёбии омодагии фаннии низом санаи дақиқи ба кор даромадани он муайян мешавад. Қаблан хабар дода мешуд, ки низоми нав аз 1-уми сентябр ба кор оғоз мекунад. Низоми нав барои рақамӣ кардани ҳисобу китоби андози соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти қаблӣ, бо ҷорӣ шудани он меъёри андоз барои амалиёти тиҷоративу соҳибкорӣ аз 6 то 3 фоиз коҳиш меёбад. Ҳамчунин, андоз ба таври худкор ҳисоб карда шуда, ҳангоми пардохти ғайринақдӣ ба харидор 1 фоиз подоши нақдӣ ё худ кешбэк баргардонида мешавад. Интиқолҳои оддии пул байни шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, андозбандӣ намешаванд. “Азия-Плюс” барои гирифтани иттилои дақиқ ба мақомоти дахлдор дархости расмӣ ирсол кардааст. Пас аз гирифтани посух онро нашр хоҳем кард. Хабарҳои бештарро дар сомона ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа кунед. #Якхабар
asiaplustj
Region: TJ
Monday 31 August 2026 14:57:20 GMT
Music
Download
Comments
Волчица любит своего Волка :
Баскнен монен зиндаги кнем 🥺🥺
2026-08-31 17:16:22
6
mAkS0101 :
Гузиданда налог нест холи?
2026-08-31 16:35:16
3
safarzoda :
андоза брен ай Давлати хамсоя Узбекистан ед бгрен сохибкора дасгири мекнан...
2026-08-31 17:10:28
3
VS.rahim :
Ягон гап барои сабуки овардан надорен
2026-08-31 16:41:50
1
АТОХУДЖА :
намешава хамира накнан хамика чизи бе сум бд да точикистон
2026-08-31 15:18:18
2
механик 70 :
налог барои налог😄😄😄бги дега.
2026-08-31 19:10:29
0
Firuza :
Барои 1 нафас кашидан чанд фоиз мешуда боша...ай хозира тайёри бинем
2026-08-31 19:54:14
0
user1939214597110 :
ок
2026-08-31 18:43:03
0
N.S.R.😎 :
эээ безори.зиндагй.кадак мардма.хами.конуной тч
2026-08-31 16:04:17
2
Дустов Рачабали :
кадом рузе воздух ба сум мешава агар роҳша ёбан!
2026-08-31 16:17:02
1
tojikon time :
налог налог налог налог и чи гапай
2026-08-31 18:02:09
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm
homepage.