@policefootage32:

PoliceFootage
PoliceFootage
Open In TikTok:
Region: US
Monday 07 September 2026 01:16:03 GMT
86
1
0
0

Music

Download

Comments

There are no more comments for this video.
To see more videos from user @policefootage32, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд 7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт. Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд. Гуфта шуд, ки дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ кардани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз нақши барҷастаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният махсус таъкид намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир аз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳисси масъулияти баландро тақозо намуданд. Таъкид гардид, ки риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.  #creatorsearchinsights #тачикистанбапеш🇹🇯🇹🇯🇹🇯 #mvd #часть/6✨#душанбесити🇹🇯

About