@asiaplustj_: ⚡️Баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати ҷашни Истиқлол дар Душанбе Имрӯз, 9-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ройпаймоӣ баргузор шуда истодааст. Дар баргузории ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдор Душанбе ширкат доранд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пеш аз оғози роҳпаймоӣ мардуми кишвар, сокинони пойтахт, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва иштирокдорони роҳпаймоии имрӯзаро ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлол табрик гуфтааст. “Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - гуфтааст ӯ дар суханронии худ. Ба ин муносибат, имрӯз муваққатан роҳҳои бархе кӯчаҳои марказии Душанбе низ баста шудааст. 📸: President,tj

asiaplustj
asiaplustj
Open In TikTok:
Region: TJ
Wednesday 09 September 2026 04:39:34 GMT
16851
285
2
25

Music

Download

Comments

user6755623581454
user6755623581454 :
2026-09-09 04:54:07
0
eminjan60
eminjan :
2026-09-09 05:05:29
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About