صابر نيلوفارsabir nilufar :
«Ҳақиқатан, Аллоҳ ҳолати ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар вуҷуди худ доранд, тағйир диҳанд».
📖 Сураи «Ар-Раъд», ояти 11
Баъзан инсон фикр мекунад, ки зиндагии як одам дигар намешавад. Аммо Аллоҳ метавонад дар як лаҳза сабабе биёрад, ки тамоми вазъият дигар шавад.
Имрӯз як духтарро бисёриҳо танҳо ҳамчун кӯдаке диданд, ки дафтараш набуд. Аммо баъд аз паҳн шудани як навор, одамони зиёд ба ёрии ӯ омаданд. Ин барои мо як ёдоварист: қудрати тағйир додани ҳолати инсон дар дасти Аллоҳ аст.
Пас, ҳеҷ гоҳ нагӯед: «Ҳама чиз тамом шуд».
Шояд Аллоҳ дар як лаҳза роҳеро боз кунад, ки шумо ҳатто тасаввур ҳам намекардед.
Аллоҳ ба ҳар кӯдаке, ки ба кӯмак ниёз дорад, мадад расонад ва ба мо тавфиқи некӣ кардан диҳад. Омин. 🤲🏻
2026-09-16 03:13:09