Ahad Anas :
Яке аз бузургтарин донишмандони гузашта, Абдуллоҳ ибни Муборак (раҳ) мегӯяд: Ба сӯи Макка ва зиёрати оромгоҳи Паёмбар (с) баромадам, дар роҳ ба сӯи Макка сиёҳӣ ё шабаҳеро дидам ва ба ин гумон, ки чӣ бошад ба он наздик шудам. Дидам, ки пиразане онҷо дар тан пироҳан ва чодари пашминае нишастааст. Гуфтам: Ассалому алайки ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Дар посух гуфт: " ٌﻡﻼَﺳ ﻦِﻣ ًﻻْﻮَﻗ ﻢﻴِﺣَﺭٍّﺏَﺭ "ٍ «Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст» (Сураи Ёсин: 58 ) Ба ӯ гуфтам: Худо ба ту раҳм фармояд, инҷо чи кор мекуни? Гуфт: (( ﻦَﻣ ِﻞِﻠْﻀُﻳُﻪّﻠﻟﺍَﻼَﻓُﻪَﻟَﻱِﺩﺎَﻫ )) «Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест» (Сураи Аъроф: 186) Фаҳмидам, ки ин зан роҳ гум кардааст, пас гуфтам: ба куҷо рафтан мехоҳи? Гуфт: ((َﻥﺎَﺤْﺒُﺳ ﻱِﺬَﻟﺍ ﻯَﺮْﺳَﺃ ِﻩِﺪْﺒَﻌِﺑَﻦِّﻣ ًﻼْﻴَﻟ ِﺪِﺠْﺴَﻤْﻟﺍ ِﻡﺍَﺮَﺤْﻟﺍ ﻰَﻟِﺇ ِﺪِﺠْﺴَﻤْﻟﺍ ﻰَﺼْﻗَﻷﺍ )) «По каст Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷидул-ҳаром ба Масҷидул-ақсо бурд…» (Сураи Исро 1). Фаҳмидам, ки аз Макка омадааст ва ба сӯи Байтулмақдис меравад, пас гуфтам: аз кай боз инҷои? Гуфт: ((َﺙﺎَﻠَﺛ ًﺎّﻳِﻮَﺳ ٍﻝﺎَﻴَﻟ )) «… се шабу се рӯз…» (Сураи Марям 10). Гуфтам: ҳеҷ хурдание дар наздат намебинам. Гуфт: (( ﻲِﻨُﻤِﻌْﻄُﻳَﻮُﻫ ِﻦﻴِﻘْﺴَﻳَﻭ )) «Ва он, ки ба ман таом медиҳад ва менушонад» (Сураи Шуаро: 79). Гуфтам: об надори, чигуна обдаст мекуни? Гуфт: ((ْﻢَﻠَﻓْﺍﻭُﺪِﺠَﺗ ﺀﺎَﻣْﺍﻮُﻤَﻤَﻴَﺘَﻓ ًﺍﺪﻴِﻌَﺻ ًﺎﺒِّﻴَﻃ )) «… ва об наёфтед ба хоки пок таюммум кунед…» (Сураи Моида: 6). Гуфтам: ман бо худ ғизо дорам, агар хурдан мехостед? Гуфт: :((َﻡﺎَﻴِّﺼﻟﺍْﺍﻮُﻤِﺗَﺃّﻢُﺛ ِﻞْﻴﻠَﻟﺍ ﻰَﻟِﺇ )) «Ва рӯзаро ба шаб бирасонед» (Сураи Бақара: 187). Гуфтам: мо, ки дар моҳи рамазон нестем? Гуфт: (( ﻦَﻣَﻭَﻉَﻮَﻄَﺗ ًﺍﺮْﻴَﺧّﻥِﺈَﻓ ٌﺮِﻛﺎَﺷَﻪّﻠﻟﺍ ٌﻢﻴِﻠَﻋ )) «Пас ҳар кӣ кори некеро ба рағбат ба анҷом бирасонад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност» (Сураи Бақара: 158). Гуфтам: Худо дар сафар барои хурдан рухсат додааст. Гуфт: (( ﻥَﺃَﻭْﺍﻮُﻣﻮُﺼَﺗ ٌﺮْﻴَﺧْﻢُﺘﻨُﻛ ﻥِﺇْﻢُﻜَﻟَﻥﻮُﻤَﻠْﻌَﺗ )) «… ва агар мехоҳед бидонед, барои шумо беҳтар ҳамон аст, ки рӯза бидоред» (Сураи Бақара: 184). Пурсидам: чаро бо ман монанди худам сухан намегӯи? Гуфт: ((ُﻆِﻔْﻠَﻳ ﺎَﻣ ﺎَﻟِﺇ ٍﻝْﻮَﻗ ﻦِﻣ ٌﺐﻴِﻗَﺭ ِﻪْﻳَﺪَﻟ ٌﺪﻴِﺘَﻋ )) «Ҳеҷ сухане намегӯяд магар он ки дар канори ӯ нозиру нависан
2026-11-06 21:51:23