@user9253005522539: 👆 구매링크는 채널 아이디 클릭 후 메인화면에 있어요 (상품번호 359번) 💌 만약 링크 안 보이면 댓글 남겨주세요.  #강아지 #강아지배변패드 #강아지용품추천 #배변훈련 #강아지꿀템

개템
개템
Open In TikTok:
Region: KR
Monday 05 October 2026 09:55:21 GMT
12694
116
22
42

Music

Download

Comments

cyeudud7ejjdjd
서영춘 :
대변
2026-10-10 02:50:33
1
kkr0103
깐따삐아희똘맘 :
가능할까요?
2026-10-11 08:02:32
0
ezionpick
EZION Pick :
와~~~~대박~~~~
2026-10-07 04:12:25
1
user303576508811
연지 :
아구이뽀기뜩하네
2026-10-06 18:26:55
1
user8075833025311
스마일 :
넝수늦었어요10살인디ㅣㅣ
2026-10-06 03:23:22
0
rnrnsu92
애플🍎 :
대변
2026-10-07 09:30:39
1
user8768002484028
윤정 :
대변
2026-10-06 05:19:12
1
dylk4libgt71
dylk4libgt71 :
배변
2026-10-05 23:58:02
1
user4274205959313
❤️ :
배변
2026-10-05 23:51:45
1
user9253005522539
개템 :
🐶댓글에 [배변] 남겨주시면 제품 정보보내드려요!
2026-10-05 09:55:56
0
user84588800228811
럭셔리언니 :
배변
2026-10-06 11:39:25
1
hewasb
hewasb :
배변
2026-10-08 10:22:44
1
To see more videos from user @user9253005522539, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

Михаил Галустян, ҳунарпешаи арманитабори Русия, ки сафараш дар охири моҳи сентябр ба Тоҷикистон боиси интиқоди тунди мардуми тоҷик шуд, бо гузашти ду ҳафта аз тоҷикистониён узр хост. Ӯро дар Тоҷикистон барои иҷрои нақши Равшан, ки навъе таҳқиркунандаи муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, интиқод мекунанд ва ҳатто даъват шуда буд, ки сафари ӯ ба шаҳри Душанбе лағв ва худаш мамнуъулвуруд эълом шавад. Навореро, ки дар он Михаил Галустян аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад, роҳбари ширкати “TAS International Group” Олег Самсонов рӯзи 13-уми октябр дар саҳифаи худ дар Инстаграм нашр кард. Маҳз ҳамин ширкат ҳунарпешаро ба Душанбе даъват карда буд. Дар саҳифаи худи Галустян ин навор то ҳол нашр нашудааст ва маълум нест, ки ангезаи пас аз гузашти ду ҳафта сабт ва нашр кардани навори узрхоҳии ҳунарманд чӣ аст ва чаро онро худи ҳунарманд нашр накардааст. Галустян дар навор мегӯяд, агар нақшҳояш боиси озурдагии касе шуда бошанд, самимона пушаймон аст ва аз мардуми Тоҷикистон узр мехоҳад. Ба гуфтаи Галустян, ӯ бори нахуст ба Душанбе омад ва зебоии шаҳр, меъмории пойтахт, меҳмоннавозии мардум ва суръати рушди Тоҷикистон ӯро сахт мутаассир кард. Ин сафар, ба қавли ӯ, тасаввуроташ дар бораи Тоҷикистонро куллан дигар кардааст. “Сафарам ба Тоҷикистон маро водор кард, ки дар бораи таърих ва фарҳанги ҳазорсолаи мардуми шумо амиқтар андеша кунам. Дар рагҳои мардуми тоҷик хуни шахсиятҳои бузурги таърихӣ, монанди Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ, олимону шоирони ҷаҳоншумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино ва бисёр мутафаккирони дигар ҷорист, ки осорашон ба мероси тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”, – мегӯяд ӯ. “Агар корҳо анҷомдода ва нақшҳое, ки қаблан бозидаам, боиси озурдагии касе шуда бошад, ё сабаби норозигиҳо аз сафарам ба Тоҷикистон шуда бошанд, аз ин самимона афсӯс мехӯрам ва аз шумо сидқан узр мехоҳам. Аз тамоми мардуми тоҷик узр мепурсам”, – гуфтааст Галустян. Дар поён ӯ аз мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ, эҳтиром ва меҳре, ки ба меҳмонон доранд, сипос гуфта, афзуд, ки ин сафарро бо гармӣ ба ёд хоҳад овард. Галустян 30-юми сентябр дар чорабинии пӯшидае, ки “TAS International Group” барои муштариён ва шарикони худ баргузор кард, иштирок карда буд. Ин ширкати сохтмонӣ дар ҷойи собиқи “Бозори сабз” маҷмааи “Dushanbe International District”-ро бо баландтарин бинои пойтахт месозад. Хабари сафари Галустян дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёд ба бор овард: гурӯҳе лағви сафарро талаб карданд, гурӯҳи дигар ба муколама даъват намуданд. Вазорати фарҳанг гуфта буд, ки ин сафар бо вазорат мувофиқа нашудааст. Барномаи ҳаҷвии “Наша Russia” солҳои 2006–2011 аз шабакаи ТНТ-и Русия пахш мешуд. Дар он ду муҳоҷири корӣ, Равшан ва Ҷамшуд, нодону бесавод тасвир шуда буданд. Он вақт Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия нотаи расмӣ фиристод ва фурӯши дискҳои филм дар кишвар манъ шуд. То имрӯз Галустян ба интиқодҳо аз Тоҷикистон посух намедод. 

About