@your.tajikistan: Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр идома мекунад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад. Рӯзи 31 октябр дар мактабҳо натиҷаи семоҳаи аввали соли таҳсил ҷамъбаст шуда, баъди он хонандагон ба таътил мебароянд. Дар давраи истироҳат ба хонандагон тавсия шудааст, ки вақти бештарро ба мутолиаи китобҳои ғайридарсӣ бахшанд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ даври аввали олимпиадаҳои дохилимактабӣ баргузор мешавад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар соли таҳсили 2026–2027 таътили зимистона аз 1 то 7 январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29 март гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ, давомнокии таътилҳои хонандагон дар соли таҳсили нав тағйир намеёбад. #таътил #мактаб #маориф #хабар
Your Tajikistan
Region: TJ
Thursday 08 October 2026 12:32:00 GMT
Music
Download
Comments
user9853233837654 :
сабабш чис
2026-10-08 22:15:55
0
Абубакр :
э неки синфои ибтидоида зур мешава 9 руз дам мегиран🥰🥰🥰🥰
2026-10-08 15:39:19
1
❤🩹ОСИЯМО❤🩹 :
можно на русском
2026-10-08 13:17:33
1
user1984466655846 :
донишчуëн аз чандум
2026-10-08 15:20:45
0
еркачаи дадачонм :
то чандума
2026-10-08 13:32:29
0
#em menli# :
🥰🥰🥰
2026-10-08 18:16:07
0
To see more videos from user @your.tajikistan, please go to the Tikwm
homepage.