@parvi3.tv: Таҳқиқи навор Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гаштугузори ҷавонзани нимурён дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд паҳн ва боиси баҳсу вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ошкор намуд, ки дар навор зани соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дошта, тайи ду соли охир расман аз гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ ранҷ мекашад. Муайян гардид, ки рӯзи ҳодиса номбурда аз таъсири беморӣ аз назорати аъзоёни оила дур монда ба кӯча баромадааст. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои интернетӣ хоҳиш мекунад, ки бо назардошти вазъи саломатии ҷавонзани мазкур аз паҳн кардани навор ва шарҳҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд. Ҳоло ҷавонзан ба наздиконаш супорида шуда, таҳти назорати табибон қарор дорад. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд. #tiktok #топ #viral #viraltiktok #точикистон #Ҷумҳурии #Точикистон #таджикистан #khatlon #Новости #миллат #хабархо #ШВКД
PARVIZ TV
Region: TJ
Friday 09 October 2026 09:59:11 GMT
Music
Download
Comments
There are no more comments for this video.
To see more videos from user @parvi3.tv, please go to the Tikwm
homepage.