@sogdianmedia: Мактуби вазир: Омӯзгоронро барои ҷамъоварии маблағ маҷбур накунед Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, бо ирсоли як мактуб аз ҳуқуқи дахлнопазирии омӯзгорон дар ҷамъоварии маблағҳои ба раванди таълиму тарбия вобаста набуда таъкид кардааст. Ин мактуби вазир, рӯзи 2 октябр ба унвонии сардорони Сараёсатҳои маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шудааст. Дар ин мактуби худ, Раҳим Саидзода асосан моддаи 11 и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ро ёдрас кардааст. Банди 2, моддаи 11 и қонун мазкур мегуяд, “омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фаъолияти кишоварзӣ, ҷалб накунанд”. Абдураҳим Қурбонов, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ин мактуби вазир, раванди амалишавии қонунро тақвият медиҳад. Вазири маориф ва илми кишвар, инчунин дар ин номаи худ ба роҳбарони идораҳои маорифи кишвар дастур додааст, ки “ҷиҳати пешгирии ҷамъоварии ҳамагуна маблағҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла барои обуна шудан ба рӯзномаю маҷаллаҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян худдорӣ намоед”. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” 15 октябри соли 2025 қабул шуд. Ин қонуни ҷадид аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, ҳуқуқ, масъулият, дахлнопазирии фаъолияти касбӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгорро танзим мекунад. Коршиносони умури маориф аз қабули ин қонун пуштибонӣ карда таъкид меварзанд, ки бо татбиқи он, мақому ифтихори пешаи омӯзгорӣ дар кишвар дубора баланд хоҳад шуд. #sogdianmedia #суғд #таджикистан #оброзование #учитель

Суғдиён-Медиа
Суғдиён-Медиа
Open In TikTok:
Region: TJ
Saturday 10 October 2026 16:59:51 GMT
62374
559
181
425

Music

Download

Comments

user6057666175485
Мустафо Иброҳимми :
ҳамашон дуруг аст .ҳозирам сум талаб миккна макотиб
2026-10-11 08:46:20
0
mirzo1586
jonik jonik :
ин конун танхо барои радио ва интернетхо
2026-10-11 08:15:26
4
user5115710169230
ислом :
хамаш гапи бекора
2026-10-11 00:13:34
13
sarvinoz.sharifzo
МЕХРНОЗ :
Донишгоҳи давлатии ба номи Носири хусрав ш. Бохтар донишҷӯёнро ҳар руз пул мегӯянду ҷамъоварӣ мекунанд маҷбур мекунанд рақам картаҳояшонро метиян ки ҳозир пул гузаронед безор шудем илтимос назорат барен
2026-10-11 08:39:57
3
user7076881361451
Курбанов Файзали :
мо гуфтем неки онхо меган вае гуфтан меган
2026-10-11 03:30:04
4
user433030015945
Зарина Калонова :
номер телефон хаст
2026-10-10 22:42:47
3
.farid.01
🇹🇯 ♥️ 🇸🇰TJK. ♥️🇹🇯♥️🇸🇰 :
ин гапхо хамаш дар забон аст лекин амал нест серавно ба Хар гуна рох пул мегиран. ин хамаш дуругай
2026-10-11 03:28:50
7
user1783180345178
аа :
бахудо руи рост дуруг меган вазири мариф мачбур мекуна пул чамкуне
2026-10-11 04:03:06
13
yktam.yktam
Мир миру ❤️ :
Телевизорба чеба намигуйт хамера мардум хаммаш бена
2026-10-11 06:19:51
7
dilnozasharipova80
Dilnoza Sharipova :
тамоман гап дигар раху рафтор дигар
2026-10-11 04:28:25
4
abdusattor5335
user1188261381818 :
Дректори Мактабро ки фармон медихад ки дректори мактаб малимара маҷбур мекунанд ки пул жам кунад.....
2026-10-11 06:55:22
3
user4454532935004
вандам :
ремонт гуфт обуна гуфт харруз пул мегуян
2026-10-11 06:34:20
1
user7814282738724
no name :
Факат конун бароварда мешавад Лекин ичро нест
2026-10-11 05:29:06
1
gungister6
Gungister :
Ман худ омӯзгор ҳастам аз мо обуна ҷамъ кард директор
2026-10-11 07:39:17
3
xzpro6
дилрабо :
илтимос пешгири кунен
2026-10-11 02:02:29
3
user680481955761
Оминачон :
хами суми китоб мохона обуна прсидестан ку безор шидем
2026-10-11 17:32:57
1
user808103059096
244118 :
ин гапҳо ҳамаш дар забон аст лекин амал нест ба ҳаргуна Сум мегиран
2026-10-11 04:22:38
2
user4991388114653
user4991388114653 :
агар ин гапхо рост мешуд муаллима хо пул чам намекардан Ман хонандай мактаби миёнай раками 7 нохия файзобод
2026-10-11 07:13:38
1
gayrat.ataboev
Gayrat Ataboev :
ҳатто аз талабаҳои ибтидоий хам барои сугурта, барои обунаи маҷалаҳо ва боз дигар чихҳо ҷамоварии маблаг мекунанд!!!!!
2026-10-11 09:46:01
1
gold.and.gold
ибро :
товба хози мактаб не бозор шудаги
2026-10-11 07:43:42
1
user6765249380841
@@@???? :
хама чизба пул метем хар руз пул мефирсонем ойлика малимхо мегирад пули тамоми чизро мохон метем
2026-10-11 20:21:27
1
user4119821499554
sara :
безор кадан чхел чам накнем
2026-10-11 07:00:22
1
user6866102091220
. :
Пули обунарам додем наметем гуфта худмона ба нодони задам мажбур кардан додем натием дар мажлисхо хезонда гап мезанан бо
2026-10-11 13:24:34
1
f1525555
ПУЛОД 🤝🇭🇺🇭🇺TJ :
пас чаро фармони вазирро риоя намекунанд ҳаррӯз дар мактаби мо пули обуна талаб менамоянд
2026-10-11 07:27:06
1
To see more videos from user @sogdianmedia, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About