@radioiozodi_official: 🔸Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Исфара як нафарро бо гумони қатли ду сарроф дастгир кардаанд, ки дар ҷанги Русия дар Украина ширкат карда ва чанде пеш ба Тоҷикистон баргаштааст. 🔸Ҷинояте, ки мардуми ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистонро ба ваҳшат овардааст, рӯзи 10-уми сентябр сурат гирифтааст. 🔸Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва афроди огоҳ аз ҳодиса, ки бинобар дастури мақомоти интизомӣ аз бурдани номаш худдорӣ карданд, гумонбар ба ҷиноят бо ҳадафи ғасби 60 000 доллар, Ойбек Отабеков, сокини деҳаи Кӯлқанд ва Фирдавсҷон Савриддинов, зодаи маҳаллаи 14-солагии истиқлолияти деҳаи Навгилем дар ноҳияи Исфараро бо ин баҳона, ки пули зиёд барои иваз кардан дорад, ба хонаи худ даъват кардааст. 🔸Сипас якеро бо тири туфанг ва дигариро нафасгир карда кушта, ҷасадҳои ҳардуро дар ҳавлиаш зери хок кардааст. Ному насаби гумонбар ба Радиои Озодӣ маълум нест, вале як акси ӯ, ки зоҳиран дар яке аз идораҳои мақомоти милиса гирифтаанд, ба дасти Радиои Озодӣ расид ва аз он фард гумонбар ба ҷиноят ном бурдаанд. 🔸Яке аз шоҳидони айнӣ, ки гумонбар ба ҷиноятро дидааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ҳамин фардро бо иттиҳоми қатл дастгир карда ,ба боздоштгоҳ бурдаанд. Радиои Озодӣ бо мақомоти ноҳияи Исфара дар тамос шуд, то ҳуввияти гумонбар ба ҷиноятро маълум кунад, вале талошҳои мо то замон нашри гузориш натиҷа надоданд. 🔸Азбаски хонаводаҳо ва рафиқони ду нафар аз бепосух мондани зангҳояшон нигарон шудаанд, ба мақомоти милиса хабар додаанд. Ҷиноят шаби ҳамон рӯз ошкор шудааст. 🔸Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, гумонбар ба ҷиноят, ки чанд кӯча дуртар аз хонаи яке аз мақтулон зиндагӣ мекунад, аз қабл дар саҳни ҳавлии худ барои қурбониён гӯр кандааст. Айни замон дар гурӯҳҳои ноҳияи Исфара дар Вотсапп хабар дар бораи дафни ҳарду қурбонӣ нашр шудааст. 🔸Дар паёмҳое, ки дар ин гурӯҳҳо нашр шудаанд, наздикону рафиқони ду нафар мардумро ба маросими дафн даъват кардаанд, ки яке дар оромгоҳи “Қаландархона” ва дигарӣ дар оромгоҳи “Шаҳидон” дар ноҳияи Исфара сурат гирифтааст. Фирдавсҷон Садриддинов 40-сола ва падари чаҳор фарзанд будааст. #исфара #суғд #куштор #русия #зархарид #украина🇺🇦 #сарбоз #навгилем #радиоиозодӣ #озодӣ #ахборитоҷикистон
Радиои Озодӣ
Region: CZ
Monday 12 October 2026 12:33:49 GMT
Music
Download
Comments
Абдуллох :
э мур худо зада😭😭о вай модар 😭😭 чи шуд 😭😭
2026-10-12 14:06:27
5
Солнышко :
😭😭😭 дор кашитон инхел одама ....
Ёш будас хардуш афсус
2026-10-12 13:43:55
2
N m N :
10 октябрь ин ходиса рух дод на 10 сентябрь
2026-10-12 15:05:09
0
Sarah_tajik 🇹🇯👑☝🏡🇩🇪 :
2026-10-12 18:12:07
0
Али Алиев :
як тир пешонишда
2026-10-12 14:44:35
1
To see more videos from user @radioiozodi_official, please go to the Tikwm
homepage.