@shwe_z1: #fyp #tiktok #views #singapore #sentosa

S🦭
S🦭
Open In TikTok:
Region: SG
Tuesday 13 October 2026 13:04:54 GMT
12161
650
10
36

Music

Download

Comments

mithet691
🐻 :
ချစ်စရာလေး
2026-10-13 17:20:42
1
chan123a
Chan:: :
2026-10-14 03:48:55
1
karzx6
AKari :
2026-10-13 13:21:24
1
idk.how.to.live.wi
🪼 :
2026-10-13 13:15:46
1
myat.tharki
Thar Ki :
2026-10-13 13:13:30
1
To see more videos from user @shwe_z1, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

Нависандаи ин матн менависад:   Як бор аз ҳамкори ҷопонии худ, муаллим Ямамота пурсидам:  - Вақте дар Ҷопон рӯзи муаллимро ҷашн мегиранд, чӣ гуна таҷлил мекунед?   Ӯ аз саволи ман тааҷҷуб карду посух дод:  Мо ҳеҷ рӯзи муаллим надорем.  Бо шунидан ҷавоби ӯ намедонистам, ки бояд ӯро бовар кунам ё не. Як бор дар фикр рафтам:
Нависандаи ин матн менависад: Як бор аз ҳамкори ҷопонии худ, муаллим Ямамота пурсидам: - Вақте дар Ҷопон рӯзи муаллимро ҷашн мегиранд, чӣ гуна таҷлил мекунед? Ӯ аз саволи ман тааҷҷуб карду посух дод: Мо ҳеҷ рӯзи муаллим надорем. Бо шунидан ҷавоби ӯ намедонистам, ки бояд ӯро бовар кунам ё не. Як бор дар фикр рафтам: "Чаро кишваре, ки дар он иқтисод, илму фановарӣ ба авҷи худ расидааст, нисбат ба муаллим ингуна бетафовут ҳастанд ва кори муаллим бисёр беаҳамият дар назар гирифта шудааст?" Иттифоқан ҳамон рӯз баъд аз кор, Ямамота маро ба хона худ даъват кард. Аз онҷо, ки ӯ дур аз мактаб зиндагӣ мекард , мо бо метро ҳаракат кардем. Дохили метро хеле серодам буд вагонҳои метроро пиру ҷавон ташкил медоданд. Ба тарзе, ки худро ба душворӣ дохили як вагон кардем, истодам ва маҳкам дастгирро гирифтам. Ногаҳон марди миёнсоле, ки дар канори ман нишаста буд ба ман ҷои нишасти худро пешниҳод кард! Ман, ки мутаваҷҷеҳи чунин бархурди таҳсинбарангезе аз фарди миёнсол набудам , наметавонистам пешниҳоди ӯро бипазирам , аммо ӯ пофишорӣ мекард, маҷбур шудам бинишинам. Пас аз фаромадан аз метро, аз Ямамота хостам то дар бораи ҳаракати он мард бароям тавзеҳ диҳад. Ямамота лабханде заду ба корти шиносоии мактаб, ки дар гардани ман овезон буд ишора карду гуфт: Ин мард корти муаллимии шуморо дид ва ба унвони эҳтиром ба мақоми шумо, ҷойи худро барои шумо раҳо кард. Аз онҷо, ки ман барои аввалин бор ба манзили муаллим Ямамота мерафтам, рафтан бо дасти холӣ барои ман нохушоянд буд ва тасмим гирифтам як туҳфаи кӯчак барояшон бихарам. Ман назарамро бо Ямамота дар миён гузоштам, ӯ қабул кард ва гуфт, ки фурӯшгоҳҳое барои муаллимон дар пештар мавҷуд аст, ки метавонед мавриди ниёзатонро бо нархи арзон харидорӣ кунед. Ман наметавонистам эҳсосотамро нигаҳ дорам: - Ман пурсидам, оё ин иқдом фақат ба муаллимон тааллуқ мегирад? Ямамота гуфт: - Дар Ҷопон, муаллим муҳтарамтарин касб, муҳтарамтарин фард аст. Фурӯшандагони ҷопонӣ вақте муаллимон ба мағозаҳояшон меоянд, бисёр хушҳол мешаванд, онҳо ин корро ифтихори бузург барои худ медонанд. Дар тӯли иқоматам дар Ҷопон, ман борҳо дидаам, ки чигуна ҷопониҳо нисбат ба муаллимон эҳтироми зиёде қоил ҳастанд. Дар кишварашон маконҳои ҷудогонае барои онҳо вуҷуд дорад, фурӯшгоҳҳои ҷудогонае барои онҳо боз аст, муаллимон барои бисёрии корҳо дар навбат намеистанд. Пас чаро муаллимони ҷопонӣ ба як рӯзи махсус эҳтиёҷ дошта бошанд, дар ҳоле, ки ҳар рӯз аз зиндагии онҳо фақат ва фақат ҷашн аст. Бо тарҷумаи ин достон, ман бо тамоми вуҷуд мехоҳам, ки ҷомеаи мо дар чунин сатҳе рушд кунад, то чунин робитае бо муаллим дошта бошад, ва муаллимони шоиста чунин рутбаи баланде дошта бошанд! Ин навиштаро ба ҳама дӯстони худ равон кунед.! МУАЛЛИМ ДАР БАРОБАРИ НОМИ ШУМО , ТАЪЗИМ МЕКУНЕМ. ... Т: А.Амон

About