@cooko131: Ана матни пурра аз расм: *МАН НАГӮ* Гар равӣ то офтобу авҷи кайҳон ман нагӯ, Чун расад тахти зарандуди Сулаймон ман нагӯ. Хок мегардӣ замоне хоксори пеша кун, Мешавӣ аз кору бори худ пушаймон ман нагӯ. Давлати Қорун куҷо шуд он ҳама тиллою зар, Сар матоб аз гуфти Мӯсо ҳукми Яздон ман нагӯ. Соиле ояд ба даргоҳат бидеҳ як бурда нон, Назди ӯ худро ғани бигирифта хандон ман нагӯ. Хонаи тори лаҳат моро муқимӣ мешавад, Ҷони ман бар қабзаву ин қасру айвон ман нагӯ. Гар расад беморие бар ту ҷаҳон зиндон шавад, Моли дунё сарф созӣ баҳри дармон ман нагӯ. Ҷони ширин гуфта қурбон мекуни ҷону танат, Соҳиби мансаб шавӣ ҳам пеши ҷонон ман нагӯ. Ту ба китфу бозуву бо паҳлавоният маноз, Пеши чашми ҷумла одам зӯри майдон ман нагӯ. Рӯйи зебое, ки дорӣ мисли Юсуф дар ҷаҳон, Ёд кун аз чоҳи тору кунҷи зиндон ман нагӯ. Манманиҳо карда иблис рондаи даргоҳ шуд, Дур кун ин феъли бад монанди шайтон ман нагӯ. Сӯзи дунё аз барои нафси инсонӣ бувад, Ёд кун аз ҳар шарори нори сӯзон ман нагӯ. Эй Ибодулло ту ҳам дурӯза меҳмон омадӣ, Боадаб биншину дар назди бузургон ман нагӯ. *✍️ Ибодулло Раҷаб*
хуршед
Region: TJ
Tuesday 13 October 2026 16:19:04 GMT
Music
Download
Comments
хуршед :
2026-10-16 02:40:27
0
Abdurahmon :
2026-10-14 03:57:10
0
Мирзоюсуп Бабаев :
2026-10-14 14:41:11
0
👌 :
👍👍👍👍👍
2026-10-16 02:26:57
0
фахруддин саидов :
🔥🔥🔥
2026-10-14 06:12:23
0
To see more videos from user @cooko131, please go to the Tikwm
homepage.