@akhborazvkd: ҲАБСИ 17 НАФАР БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАНГОМИ БОЗИИ ФУТБОЛ Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 17 нафар мухлисони футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Қаблан навори муноқиша ва бетартибиҳои миёни мухлисон дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, мавриди таваҷҷуҳи корбарон қарор гирифта буд. Дар пайи ин, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас намудани иштирокчиёни ҳодиса чораҳои дахлдор андешиданд. Нисбат ба 17 нафар барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба муҳлати 5 шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд. Мақомоти корҳои дохилӣ бори дигар таъкид менамояд, ки варзиш, аз ҷумла футбол, бояд василаи таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил бошад. Ҳар гуна рафтори зиддиҷамъиятӣ, муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои варзишӣ тибқи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба гунаҳкорон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Ахбор аз ВКД
Region: TJ
Thursday 15 October 2026 03:38:05 GMT
Music
Download
Comments
Зарина :
раҳмат ба кормандони мақомот созшон карден наход барои як футбол амихели ҷанг куни
2026-10-15 12:33:34
2
user2030756319350 :
Пеш аз ҳама, бояд бо мухлисон ва футболбозон корҳои тарбиявӣ гузаронида шаванд. Дар телевизион мебинем, ки дар Аврупо футболбозон чӣ гуна маҳорати касбӣ ва фарҳанги варзиширо нишон медиҳанд, мухлисон бошанд, аз бозӣ лаззат мебаранд. Аммо дар мо баъзан футбол ба майдони ҷанг ва «муборизаи бидуни қоида» табдил меёбад. Фарҳанги футболро бояд ҳам дар майдон ва ҳам дар байни мухлисон баланд бардошт.
2026-10-15 06:07:47
6
Azam Yrov :
ахсан коргарой корманой макомо
2026-10-15 12:51:35
2
Yatimova :
хубуш карде
2026-10-15 13:41:25
1
♥️♥️FIRORi ♥️♥️ :
хубшон кардан
2026-10-15 08:33:04
2
махам мерам Як руз :
да лубой Давлат Аст песпарядик Кай шумо едмнгирен демократияра
2026-10-15 15:23:10
0
UMEDJON :
зиндабод ВКД дафи дигар бетартиби накунан
2026-10-15 04:46:54
0
ШУМАХЕР :
афтагенчикам махкам кардан.Мембри чанг накни😂
2026-10-15 05:18:15
2
... :
камшон додан
2026-10-15 11:59:36
0
kmo я :
ягон Чи набд ..а Бача и Коро да футбол мешавад.просто Дили мардм мешиканад ай футболкам ай варзишам
2026-10-15 15:33:54
0
Zaki :
🤣🤣🤣🤣хамунруз гуфтам, Ки Ино чанд руз Бад дар вкд нишондон метиян
2026-10-15 06:51:00
0
махам мерам Як руз :
балешикан Чи мебарен махкамшон мекунен демократияш амияй охи
2026-10-15 15:23:09
0
🦅_GAMGINU_HASTA_OFFICAL_🦅 :
барои дашномҳои қабеҳашон панҷ шабонаруз кам аст модару хоҳарони кормандони хизмати давлатиро дашном карда буданд ҳамин кормандони хизмати давлат габошан як дигаро мехуранд зинда бод кормандони давлати
2026-10-15 15:35:08
0
Max.Music :
😂😂
2026-10-15 06:49:53
1
Анис :
👍👍👍
2026-10-15 06:48:42
1
ЧОНИК :
👍👍👍👍
2026-10-15 15:44:05
0
👑мероч 02👑 :
🥰🥰🥰
2026-10-15 03:57:59
0
А/М :
[Слезы радости][Слезы радости][Слезы радости]
2026-10-15 16:06:08
0
To see more videos from user @akhborazvkd, please go to the Tikwm
homepage.