@sugd_khabar: Ёвари довари марказии бозии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Сардор» Тоҳири Баҳром барои иштибоҳи доварӣ то поёни мавсими футболи соли 2026 аз фаъолият маҳрум карда шуд. Ҳамчунин, дараҷаи доварии ӯ аз категорияи якум ба категорияи дуюм поин оварда шуд. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Кумитаи доварони ФФТ пас аз омӯзиши наворҳои видеоӣ муайян кардааст, ки Тоҳири Баҳром дар дақиқаи 90+5-уми бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон-2026 иштибоҳан нисбат ба футболбози «Хуҷанд» ҳолати офсайдро сабт кардааст. Дар ҳоле ки футболбози даста тӯбро ба дарвозаи «Сардор» ворид карда буд. Ба арзёбии Кумитаи доварон, ин иштибоҳ ба ҷараёни бозӣ таъсир расонда, дар натиҷа рақобат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Бар асоси қарори қабулшуда, Тоҳири Баҳром то поёни мавсими соли 2026 ҳаққи доварӣ дар тамоми мусобиқаҳои таҳти назорати ФФТ-ро нахоҳад дошт. Қаблан мухлисони «Хуҷанд» дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз доварии бозӣ изҳори нигаронӣ карда, хостори бозбинии фаъолияти доварон шуда буданд. 📸 Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон 📲 + Ба канали мо обуна шавед ва навтарин хабарҳоро аввалин шуда пайгирӣ намоед.

Хабарҳои Суғд
Хабарҳои Суғд
Open In TikTok:
Region: TJ
Saturday 24 October 2026 11:31:37 GMT
9718
24
9
8

Music

Download

Comments

user2221281211688
м :
хучанд чемпион
2026-10-25 05:34:53
0
kk10735
K K :
мавсим тамом шуд [Слезы радости]
2026-10-24 16:41:33
0
user8102190339986
РОМИШ :
Хучанд бозира наметона Бори судиë мекнен
2026-10-24 14:11:34
1
operators4321
operator :
эээ
2026-10-24 18:42:36
0
user8554918722338
user8554918722338 :
мавсим тамомшид🤣🤣
2026-10-24 13:21:47
0
user14546087433742
user14546087433742 :
барори Чи вар набуд дар ин холст гол 💯
2026-10-24 16:20:28
0
umedjon8670
Umedjon :
Бе вар хак надоред бозиро пас бени кунед агар вар мебуд ин Кор дуруст буд худаш ягон довари сахат надорем боз доваронро рухафтода мекунитон
2026-10-25 04:49:40
0
umedjon8670
Umedjon :
Хучандихо футбол бози карда наметонаду айби довар чи агар бозия сарфахм мерафтан Рустам Хочаевро пеш на мекардан дастаи Хочаев то финали чоми Точикистон рафт мана исботи мураббиги вай Худчандро тахкурсияш аз Хочаев аст
2026-10-25 04:54:25
0
To see more videos from user @sugd_khabar, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About