@sogdianmedia: Сирояти 15 кӯдак аз дарди меъдаю руда кӯдакистони Хуҷанд: шарҳи табибон Дар кӯдакистони № 35-и Хуҷанд, тарбиятгирандагон ба таври гурӯҳӣ ба бемории шадиди меъдаю рӯда гирифтор шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтии “Суғдиён Медиа”, ин ҳодиса рӯзи 19 ба 20 октябр рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса дастикам 15 тарбиятгиранда бо нишонаҳои ҳарорати баланд, қайдкунӣ ва дарунравӣ ба беморхонаи сироятӣ муроҷиат кардаанд. Табибон ба атфол, сирояти шадиди медаю рӯда ташхис гузоштанд. Ин хабарро дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд тасдиқ карда гуфтанд, ки баъди муоина ва табобати зарурӣ кӯдакон ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Табибон изҳор намуданд, ки бо гирифтани табобати аввалия, вазъи саломатии ҳамаи кӯдакони муроҷиаткарда беҳ шуда ва эҳтиёҷ ба бистарӣ кардани ҳеҷ кадоми онҳо боқӣ намондааст. Масъулони идораи беҳдоштӣ, ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар кӯдакистон № 35 ро муътадил арзёбӣ карданд. Бо ин вуҷуд, идораи санитарию эпидемиологӣ барои ошкор кардани манбаи сироят, дар кӯдакистон, ғизо, бозичаҳо ва ҳуҷраҳоро ташхис кардааст. Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии ташхис, пагоҳ 27 октябр тадқиқ хоҳад шуд. Кӯдакистони № 35 дар маҳаллаи Мевағул, дар микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ин боғча 400 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтааст. #суғдиёнмедиа #хуҷанд #сэс #садик
Суғдиён-Медиа
Region: TJ
Monday 26 October 2026 17:01:06 GMT
Music
Download
Comments
Лола :
Проверить садик 37 рядом с инфекционной больницей. У внука было сильнейшее отравление, проверьте продукты.
2026-10-27 02:03:58
4
Чудо товар :
Садики 37 ш Хучандаям тафтиш кунан. Кудакистон инфекцонива наздик худаш як хавф
2026-10-26 18:47:26
3
1234 :
хозир хаминхел инфекция омдаги
2026-10-27 03:54:56
0
Санний Муминов Таджикистан :
хурока ва нушокахо
2026-10-27 07:28:10
0
бабушка путишествиница :
ин дар кучо
2026-10-26 18:27:55
0
mama.detki_home.tj :
Ки медонад ин садик кучои хучандба???
2026-10-27 05:18:49
0
luna :
ХУРОКИ БОГЧАХОРО ДУЗДИ МЕКУНАНД🙏
2026-10-26 18:53:21
3
Наргис :
18 нафар
2026-10-26 18:13:46
0
milashka_90 :
ш.хучанд детсати 5 мкр 8 полности продуктахошон кирм кадаги. проверка кунитон рафта. бачахова авкоти дуруст наметияд. авкотош оппаз хамаш. отдельна комтрюлкава гушт пухта мемонад повараш хамту проверкава биед гушта гирифта аз кострюль даруни дегба Аралаш када нагз када нишон метиям что якобы кудакон питанияш нагз.
2026-10-26 19:42:36
0
dovud :
кудакистони раками 15 и чкалоскро ҳам тафтиш кунед ду фарзанди манам 2 ҳафта ҳамин бемориро аз сар гузаронд
2026-10-26 19:40:54
1
Чудо товар :
Хамаша тафтиш кунан
2026-10-26 18:46:16
3
D.Z. :
продукт дузди хамма садикхо'' дом интернат'' дет' малюткахонда хаст аз сар
2026-10-27 02:31:49
2
. :
ЯГОН КУДАКИСТОН ХУРОКИ СОЗ НАМЕДИХАНД ХАМАШ ДУЗДАНД АВАЛ ПОВАР БАЬД ВАСПИТАТЕЛУ НЯНКА ХУРОКВОРИРО МЕДУЗДАНД БЕЧОРА КУДАКО ЧИКАДАР ДАРД КАШИДАНД
2026-10-26 23:06:07
2
Нигина Абдуллаева :
набераам садик намеравад ҳаминхел касал акнун чокуним ягонкаса гунаҳкор кадамо даркорми ҳама бачахова ҳаминхел касал омдагидия
2026-10-27 02:02:33
1
суман :
садфойз рост кудакистонба бачай манам омад харвакт меравад мииед атравлени афкоташон факат гарохшурбо кудакоба нагз нигох намекунан аз макомотхой давлати хохиш карда мешавадки ба кудакистонхо назорати чиди кунанд кудаки ман то хол да хона табобот кардосам
2026-10-26 19:46:14
1
м :
садик ба гудакотона метейен кантурол кунед фар надора вай кадом садикай
2026-10-27 02:31:03
0
🎽_Хусс_999_🏆 :
👍👍👍
2026-10-26 17:04:47
0
To see more videos from user @sogdianmedia, please go to the Tikwm
homepage.