@collette5726:

Collette
Collette
Open In TikTok:
Region: US
Wednesday 28 October 2026 03:05:36 GMT
305
1
0
0

Music

Download

Comments

There are no more comments for this video.
To see more videos from user @collette5726, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos

Дар Душанбе пешниҳод шудааст, ки ба хотири гиромидошти хотираи академик, адабиётшинос ва забоншиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шавад. Ин пешниҳодро 28-уми октябр академик Кароматулло Олимов зимни маҳфили илмӣ-адабӣ бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Шакурӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баён кардааст. Тавре Asia-Plus хабар медиҳад, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ин ташаббус ҷонибдорӣ карда, пешниҳод намудааст, ки масъалаи ба номи Шакурӣ гузоштани яке аз мактабҳои пойтахт низ баррасӣ шавад.  Айни ҳол дар Душанбе ягон иншоот ба номи ин донишманд нест.  Муҳаммадҷон Шакурӣ 16-уми сентябри соли 2012 даргузашт. Шакурӣ яке аз намояндагони барҷастаи ҷунбиши маорифпарварии тоҷик буда, барои рушди худшиносии миллӣ талош мекард. Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи муаллифони нахустини Қонуни забони давлатӣ буд, ки соли 1989 қабул гардид. #Муҳаммадҷон #Шакурӣ #ёдбуд #Душанбе #хабар

About