@asiaplustj_: 🔴“Ҳамсояҳо занро наҷот додаанд”. Боздошти як марди 50-сола бо гумони сӯйиқасд ба куштори ҳамсараш Пулис як марди 50-соларо дар Хатлон бо гумони сӯйиқасд ба куштори ҳамсараш дастгир кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин мард Ҷӯрахон Алиев, сокини ҷамоати Заркӯҳи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, шаби 15-уми октябр бо ҳадафи куштори зани 41-солааш, ба ҳуҷраи хоби ӯ ворид шуда, ҳангоми хоб будани ҳамсараш бо бел ба сараш зарба задааст. “Дар натиҷа, ҷабрдида аз хоб бедор шуда, бо доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ гурехтааст. Ҳамсояҳо садои доду фарёди ҷабрдидаро шунида, ба кумакаш расида, ӯро аз дасти шавҳараш раҳо кардаанд”, - афзуд ин ниҳод. Назари ду тараф ва ангезаи Алиев барои сӯйиқасд ба куштори ҳамсараш маълум нест. Мақомот ҷузъиёти дигаре аз ин ҳодиса ироа накарда, гуфтаанд, ки алайҳи гумонбаршаванда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад. Маълум нест, ки ин парванда бар асоси кадом моддаи кодекси ҷиноӣ боз шудааст.

asiaplustj
asiaplustj
Open In TikTok:
Region: TJ
Wednesday 28 October 2026 10:25:40 GMT
15205
17
1
1

Music

Download

Comments

akaxjidskiisxie
akaxjidskiisxie :
Тобамеее
2026-10-28 11:24:14
0
To see more videos from user @asiaplustj_, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About