@sugd_khabar: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар имкони бо кор таъмин шудан дар Ҷумҳурии Полшаро аз рӯйи се ихтисоси кафшергарӣ (сварщик) пешниҳод мекунад. Дар ин бора Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар медиҳад. Тибқи эълони хадамот, барои кафшергарони MIG, MAG ва TIG ҷойҳои корӣ пешниҳод шуда, музди меҳнат аз 35 злотӣ дар як соат (пас аз пардохти андозҳо) оғоз мешавад. Ин маблағ тақрибан ба 8,91 доллари ИМА баробар аст. Довталабон бояд аз 23 то 45-сола бошанд, забони русӣ ё англисиро хуб донанд ва дорои диплом, сертификат ё ҳуҷҷати дигаре бошанд, ки ихтисоси кафшергариро тасдиқ мекунад. Ҳамчунин, доштани малакаҳои касбӣ ва таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисоси дахлдор талаб карда мешавад. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, бо кор таъмин шудан дар Полша тибқи шартҳои расмии меҳнатӣ сурат мегирад. Шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат ба Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121. Телефон: 225-05-75. Соатҳои корӣ: душанбе – ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00. #тоҷикистон #хабар #полша #ҷойикор

Хабарҳои Суғд
Хабарҳои Суғд
Open In TikTok:
Region: TJ
Tuesday 03 November 2026 09:52:55 GMT
2618
4
0
3

Music

Download

Comments

There are no more comments for this video.
To see more videos from user @sugd_khabar, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About