@hkhdt.jomi: 26.09.2026 АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДӮСТӢ 26 сентябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Назокат Қосимӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шарифзода Рамазон Толиб, раиси Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ Қурбонов Раҷабалӣ, фаъолон ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини давлатдории тоҷикон буда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди забон ва фарҳанг, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти ҷомеа заминаи устувор фароҳам омад. Иштирокчиён иброз доштанд, ки ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу намоишҳои ҷолиб иборат буд, пешкаши иштирокдорон гардид. Сокинону меҳмонон бо рӯҳияи баланди идона аз барномаи фарҳангӣ баҳравар шуда, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шодию фараҳ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ истиқбол намуданд. ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ ВА ИТТИЛООТ

ҲХДТ Абдураҳмони Ҷомӣ
ҲХДТ Абдураҳмони Ҷомӣ
Open In TikTok:
Region: TJ
Saturday 14 November 2026 10:19:20 GMT
3305
36
2
3

Music

Download

Comments

user6912183380302
чураьек0808 :
бехтарин.
2026-11-14 14:59:12
0
user8361635810961
2014 :
👍👍👍👍 А.Чоми ба пеш
2026-11-14 12:04:17
0
To see more videos from user @hkhdt.jomi, please go to the Tikwm homepage.

Other Videos


About