@sugd_khabar: Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Шаҳристон чил дарахт ғайриқонунӣ бурида шудааст. Зарари умумии расонидашуда ба муҳити зист 49 ҳазору 876 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон 25 дарахт, аз ҷумла 20 бех қайроғоч ва панҷ бех арча, дар канори роҳи марказии шаҳрак, рӯ ба рӯи бинои маъмурии ҷамоат, бе мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист бурида шудаанд. Зарари ин ҳолат сиву се ҳазору 340 сомонӣ ҳисоб шудааст. Ҳамчунин, зимни амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Шаҳристон, аз хатти ҷангали муҳофизатии киштзори хоҷагии деҳқонии «Шавкат», воқеъ дар деҳаи Чашмасори ҷамоати Шаҳристон, буриши понздаҳ дарахт ошкор гардидааст. Аз ин шумора 12 бех қайроғоч ва 3 бех сафедор мебошанд. Зарари расонидашуда дар ин ҳолат 16 ҳазору 536 сомонӣ муайян шудааст. Дар ҳар ду ҳолат дарахтон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бурида шудаанд. Маводи дахлдор барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардидааст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо даъват кардааст, ки ба ҳифзи дарахту буттазор ва пешгирии буриши ғайриқонунии онҳо масъулиятшиносона муносибат намоянд. #тоҷикистон #хабар #экология #сугд #creatorsearchinsights
Хабарҳои Суғд - Sugd News
Region: TJ
Tuesday 24 November 2026 10:00:48 GMT
Music
Download
Comments
Gafurov. R :
Сафедор дорам 480та буридани мехохам ягон намуди дакумент карданам даркорми
2026-11-27 03:04:54
0
Алибек Бекназаров :
ноҳияи Деваштич деҳаи Зарнисор биод боғҳоро полни нест карданд Абдуллозода Нуриддин 1 Миллард зарар кардааст
2026-11-24 17:25:05
0
Gul :
Барои чи айбдорон ба чавобгари то хол кашида нашуданд.
2026-11-25 04:46:43
0
М :
👍👍👍
2026-11-26 00:37:16
0
To see more videos from user @sugd_khabar, please go to the Tikwm
homepage.